ҶДММ ТСА «Спитамен Иншуренс» дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявию қарзӣ таҷрибаи баланд дошта, бо бонкҳо дар самтҳои гуногун ҳамкории фаъол дорад.
Маҷмӯӣ барномаи суғуртви ҶДММ ТСА «Спитамен Иншуренс» барои онҳое, ки ба хориҷ сафар мекунанд, тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, бо иловагӣ фарогирии COVID-19 ва суғуртаи бағоҷ мебошад.
ҶДММ ТСА «Спитамен Иншуренс» бо бисёр брокерҳои суғурта ва азнавсуғуртакунӣ дар асоси шартномаҳои шарикии брокерӣ ҳамкорӣ мекунад.
Дар доираи суғуртаи ихтиёрии ҳаёт ва саломатӣ, ҶДММ ТСА «Спитамен Иншуренс» бо зиёда аз 30 клиникаҳои хусусӣ ва давлатии ватанӣ дар асоси шартномаҳо оид ба хизматрасонии тиббӣ ҳамкорӣ мекунад.
Коркунони муассисаҳо метавонанд бо шартхои имтиёзнок, бо тарофаҳои пасти суғурта ва программаҳои васеи суғурта, суғуртаи коллективиро дастрас кунанд.
ҶДММ ТСА «Спитамен Иншуренс» метавонад ба дилерҳои мошин дар асоси шартномаҳои агентӣ ба фурӯши КАСКО ва ОСАГО таъмин намояд.
ҶДММ ТСА «Спитамен Иншуренс» агентҳои суғуртавии манфиатдорро барои ҳамкорӣ барои амалӣ намудани хизматрасонӣ дар асоси шартномаҳои агентии ба ҳар ду ҷониб судманд даъват менамояд.
Навъи шарикие, ки ба шумо манфиатдор аст, интихоб кунед мо ба зудӣ бо шумо тамос хоҳем гирифт ва барои муҳокимаи муфассал вохӯрӣ ташкил мекунем.